Факултети Сайёҳии кўҳӣ 12.08.2011 таъсис ёфта, он аз рўи ихтисоси 1-89020101 мутахассисонро дар самти Сайёҳии кўҳӣ ва Шореҳи варзиш тайёр намуда истодааст. Роҳбарии факултетро аз соли 2011 то 2014 номзади илмҳои педагогӣ Каримова Дилором Ҷумаевна ба уҳда дошт. Аз соли 2014 то 2017 декани факултет Устоди варзиши собиқ Иттиҳоди Шўравӣ Зайдуллоев Ҳикматулло таъин гардид. Аз соли таъсисёбии факултет то имрўз 2000 ҷавонон ин даргоҳи маърифатро хатм намуда, дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ фаъолият намуда истодаанд.
Хатмкардагони факултет дар чорабиниҳои варзишӣ ширкат намуда, аксарияти онҳо ғолибони мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ , Осиёӣ ва байналмиллалӣ гардиданд. Холов Дилшод УВҶТ, Алоев Бахтиёр УВҶТ, Хоҷаев Фаридун УВҶТ, Ҳайдаров Шуҳрат УВҶТ, Бахтиёрзод Манучеҳр УВҶТ ,Мухторов Муминҷон УВҶТ, Одинаев Шуҳрат УВҶТ ,Тошматов Сафарбег УВДБ , Малахбеков Хайрмаҳмад Малахбеков Файзмаҳмад УВҶТ, Хуҷанқулов Зайниддин УВҶТ.
Дар айни замон зиёда аз 20- нафар номзадҳо ва устодони варзиш аз намудҳои гуногуни варзиш Ҷумҳурии азизамонро дар мусобиқаҳои байналмилалӣ муаррифӣ мекунанд. Холов Комрон УВТ, Назриев Кароматулло НУВТ, Амирчони Саидҷон УВТ, Иброимов Амирҷон НУВТ, Раҳимов Темур УВДБ, Раҳмонов Абдували НУВТ, Қодиров Абубакр УВТ, Каримов Меҳрубон УВТ, Шоев Валич НУВТ, Давлатов Синсод НУВҶТ, Алиев Маҳмуд НУВҶТ, Назирова Насиба НУВҶТ, Қудратуллои Бобо НУВҶТ, Ҳалимов Ҳусен НУВҶТ, Ахдодхонова Сатрина НУВҶТ.
Қайд кардан ба маврид аст, ки солҳои 2015-2017 се сол пай дар пай донишҷўёни факултет аз рўи намуди сайёҳӣ – кўҳнавардӣ дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ сазовори ҷойи 1-ум гардиданд.
Дар факултет 6- кафедра тобеъ буда: кафедраи Тибби варзиш, Ҷомеъашиносӣ, Менеҷмент ва сайёҳӣ, Забонҳо, Анатогмия ва физиология, Назария ва методикаи тарбияи ҷисмонӣ Фаъолият менамоянд.
Аз соли 2014 то инҷониб тибқи Низоми кредитии таҳсилот таълим ба роҳ монда шудааст. Соли 2018 роҳбарии факултетро номзади илмҳои таърих, дотсент Баҳриддинов Саидаҳмад ба ўҳда дорад.
Ҳоло дар факултет дар чор бахш 674-нафар донишҷўён таҳсил карда истодаанд. Дастовардҳои факултет чун дигар факултетҳои донишкада назаррас буда, як бартарӣ дар он аст, ки теъдоди донишҷўдухтарон дар муқоиса бо факултетҳои дигар зиёдтар ба чашм мерасад. Чун соли 2018 аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳоимардумӣ эълон гардидааст, умедворем, ки барои хатмкунандагони факултет шароитҳои зиёде фароҳам оварда мешавад ва роҳбарияти факултетро лозим меояд, ки масъулияти бештарро ба уҳда дошта бошад. Боиси ифтихор аст,ки хатмкунандагони факултет дар тамоми сохторҳои бонўфузи кишвар фаъолият карда истодаанд. Ҳамаи ин дар заминаи донишҳои замонавӣ таҳсил дар кафедраи ҳарбӣ ва сабақи устодони варзидаи факултет, инчунин заҳматҳои ноибони декан Бобоҷонов М,Ойдустов М. , Одинаев И. ба миён омадааст. Садорати Факултет аз рўи нақшаи дурнамо тасмим гирифтааст, ки беҳтарин дастурдиҳанда нозири саёҳат ва шореҳони варзишро ба хизмати халқ омода карда, пешниҳод намояд.