ДТҶТ

НИШАСТИ МАТБУОТИИ ДОНИШКАДА БАРГУЗОР ГАРДИД

Имрӯз, 9 феврали соли равон нишасти матбуотии Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи А.Раҳимов баргузор гардид, ки дар он ректори донишкада Сафаров Шодӣ, ноибони ректор, устодони донишкада ва доираи васеи рӯзноманигорон иштирок намуданд.

Нахуст ректори донишкада Шодӣ Сафаров ҳозиринро ба ин даргоҳи таълимӣ шодбош намуда, инчунин, доир ба фаъолияти донишкада дар соли 2021 мухтасар баромад намуд.

Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов бо 17 донишгоҳу академия ва донишкадаҳои тарбияи ҷисмонӣ варзиши кишварҳои хориҷӣ ҳамкорӣ дошта, барои табодули таҷриба ва сафарбар намудани донишҷӯён барои такмил додани ихтисос ва гирфтани донишҳои мукаммалу замонавӣ шартномаҳо бо ин давлатҳо шартномаҳо ба имзо расиданд. Ин нуқта дар нишасти матбуотии донишкада зикр шуд.

Мавсуф дар идома иброз намуд, дар давраи ҳисоботӣ дар донишкада 6 нафар донишҷӯён аз Ҷумҳурии Афғонистон ба хондан фаро гирифта шуда, 2 нафари онҳо баъди хатми бомуваффақияти таҳсил ба ватан баргаштанд. "Он донишҷӯёне, ки аз ҳамсоякишвари мо Афғонистон дар донишкада таҳсил менамоянд, бинобар вазъи иқтисодию иҷтимоии ин кишвар зери таваҷҷӯҳи ҳамешагии роҳбарият қарор гирифта, ҳамеша дастгирӣ меёбанд"-, гуфт ректори донишкада дар идомаи суханронӣ.

Бино ба иттилои Сафаров Шодӣ дар давоми сол донишҷӯёни мо дар олимпиадаҳо ва чорабиниҳои оммавӣ-варзишии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.

Дар идома рӯзноманигорон доир ба паҳлуҳои гуногуни фаъолияти донишкада саволҳо, дода, посухҳои мушаххас гирифтанд.

Суроға: ш. Душанбе, махалаи Лучоб, 734053. Коркард: RP - Barnomasoz.tj - 2018