ДТҶТ

Пешвои хирадманд ва роҳнамои ояндабин

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрузҳо кушишу ғайратҳое карда истодаанд то ки Тоҷикистонро аз ҳар ҷиҳат ободу зебо намуда, ба қатори мамлакатҳои тараққикардаи ҷаҳон бароранд. Давлати мо бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон тавонист мардумро ба ҳамдилӣ, сулҳу ваҳдат даъват карда, ба ободкориву созандагӣ шуруъ кунад.Ин абармард ба қасами худ содиқ монд ва ба нияти некаш ба сулҳу осоиш ноил шуд.Давлат ба дастовардҳои бузург ноил гардид.Бо роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат сатҳи камбизоатӣ коҳиш ёфт дар мамлакат ислоҳоти иқтисодӣ ба амал баоварда шуд. Дарин росто дар мамлакат садҳо корхонаҳоисаноатӣ бунёд ва садҳо ҳазор одам баҷои кор таъмин шуданд.

Кишвари мо бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон тайи 30-соли истиқлолият дар роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ қадамҳои устувор гузошт. Дар ин муддат Тоҷикистон соҳиби Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ шуд. Рукнҳои асосии давлатдориро устувор гардонд. Қабул шудани Конститутсия ва интихоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси боло рафтани эътибори байналмилалии давлат гардид. Кишвари мо бо аксари мамлакатҳои дунё робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ барқарор кард. Ва инак аз баракати ин марди бузург миллатеро бо номи тоҷик ва кишвареро бо номи Тоҷикистон тамоми олам мешиносад. Ва низ ҳақиқат аст, ки Эмомалӣ Раҳмон дар кутоҳтарин муддати таърихӣ мамлакатро ба босуботтарин давлати минтақа табдил созад. Ин дастовардҳоро ки бо заҳмату талошҳои созандаи Пешвои миллат ба даст омадаанд, тамоми дунё эътироф мекунад ва офарин мехонад, ки мо низ аз он ифтихор мекунем. Ҳамин аст, ки имруз ҷомеаи байналмилалӣ Тоҷикистонро як кишвари ислоҳотгар ва давлати дар ҳоли рушд эътироф кадааст. Тадбирҳоеро, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таҳкими истиқлолият ва рушди ҳамаҷонибаи Тоҷикистон кардаанд, бесобиқаву беназиранд. Барои Эмомалӣ Раҳмон муқаддастарину волотарин ҳадафи сиёсӣ ваҳдату ягонагии миллати тоҷик ва тамоми халкҳои Тоҷикистон аст.

 

Хушбахтона, барои халқи тоҷик дар арсаи воқеаҳои сиёсӣ инсони хирадманд шахсияти воқеан бузург Пешвои воқеии миллат Эмомалӣ Раҳмон зоҳир шуд. Имруз мо бояд боифтихор эътироф намоем, ки суханону амалҳои Эмомалӣ Раҳмон дар қалби мардум ҷой гирифтаанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воқеан шахсест, ки таҳти роҳбарияш назаран, илман ва амалан давлати демократӣ ҳуқуқбунёд дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон бунёд гардида, ба харитаи сиёсии ҷаҳон ворид шуд.

Оре, Ҷаноби олӣ чун фарзанди фарзонаи миллат узви тамоми башарияти олам аст. Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қалбашон ишқу муҳаббат ва меҳру садоқатро нисбат ба халқу ватанашон маҳфуз доранд. Ин ишқу муҳаббаташон дар кору пайкор ва ҷаҳду талошҳои ҳамарӯзаашон намоён шуда истодааст. Аз ҳамин хотир Пешвои миллат нақшаҳои нав ба нав мекашанд. Мардумро ба сабру таҳаммул ва ваҳдату ягонагӣ даъват менамоянд.

Суроға: ш. Душанбе, махалаи Лучоб, 734053. Коркард: RP - Barnomasoz.tj - 2018