ДТҶТ

ҲАҚИҚАТИ ВОҚЕАҲОИ ХОРУҒ: Ё ЧАРО БАРХЕҲО “АЗ ПАШША ФИЛ СОХТАНД”

Як рӯз  тариқи ТВ “Бадахшон” баромади раиси ин вилоят Алишер Мирзонабот вобаста ба ҳодисаҳои чанд рӯзи ахири ин вилоят нишон дода шуд.

Воқеан, Алишер Мирзонабот т ҳодисаҳои моҳи ноябрии ин вилоятро ошкоро ва воқеъбинона иброз дошт, ки мо ба воситаи он аз ҳақиқати ҳол огоҳ шудем.

Махсусан, Алишер Мирзонобот иброз дошт, ки мутаассифона, иштирокдорони гирдиҳамоӣ, ки охири моҳи ноябри соли равон дар назди Ҳукумати вилоят иштирок намуданд, ҳадафашон расонидани зарари ҷисмонӣ ба раиси вилоят буд, на ин, ки гуфтугӯ бо роҳбарияти вилоят.

Аз ин рӯ, маълум мешавад, ки иштирокчиёни ин гирдиҳамоӣ, аз ҷумла роҳбарони эътирозгарон ҳадафашон на танҳо суҳбати рӯ ба рӯ бо раиси ВМКБ будааст, балки онҳо низ бо ҳадафҳои муғризонаи хеш мехостанд, ки  ба раиси ин вилоят зарари ҷисмонӣ расонанд, ки ин албатта, хилофи қонунҳои амалкунандаи кишвар мебошад.

Дар навбати худ, ҳамзамон раиси вилояти мазкур иброз дошт, ки ӯ шахсан ба назди эътирозгарон баромада, сухани онҳоро шунид, вале дар ин росто эҳсос намуд, ки ин афрод қасди зарар расонидан ба ӯро доранд, на ин, ки арзу шикояташонро пешниҳод намудан.

Албатта, мусаллам аст, ки ҳар нафаре ҷиноят содир менамояд, бояд дар назди қонун ҷавоб гӯяд. Аммо, боиси таассуф аст, ки як идда шахсон новобаста ба он, ки ҷиноят содир менамоянд, боз худро ба қавле “мусичаи бегуноҳ” тарошида, ҳатто бар зидди қонун мебароянд. Ин афрод аз ҷинояткорӣ ва қонуншикании худ нашармида, боз даъвои бегуноҳии худ мекунанд ва ҳамзамон дигаронро, аз ҷумла ашхоси камсавод ва дур аз маърифату донишро атрофи худ сарҷамъ намуда, бар зидди намояндагони сохторҳои дахлдор баромадаву бо роҳи авбошӣ мехоҳанд бегуноҳиашронро нишон бидиҳанд.

Чунин ҳодисаҳои монанд маҳз авохири моҳи ноябри соли равон дар шаҳри Хоруғи ВМКБ рух дод, ки як идда афроде бо ҷонибдорӣ аз ҷинояторон назди ҳукумати ин вилоят сарҷамъ шуда, ҳатто қасди ғасби бинои ҳукумати вилоят намуданд.

Албатта, тавре аён аст, ин ҳодиса аз замоне сар зад, ки мақомот Гулбиддин Зиёбеков, шаҳрванди ноҳияи Ишкошимро, ки чанде қабл ёрдамчии прокурори ин ноҳияро бо ҳамраҳонаш гаравгон гирифта ва шиканҷа дода буд, дастгир намуданд, ки мутаассифона дар вақти дастгир кардан ҷинояткор бар зидди кормандони ҳифзи ҳуқуқ тир кушод ва дар тири ҷавобӣ низ захмӣ ва баъдан ба ҳалокат  расид. Яъне, номбурда ба ҷои таслим шудан ба мақомот, баръакс, бар зидди онҳо баромад ва ба ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқ тир кушод. Яъне, ӯ роҳи мусолиҳатомезро не, балки роҳи ҷангро пеш гирифт ва ин амалаш боис бар он гардид, ки худ ҳалок гардид.

Аммо, як тоифа худобехабарон ва гумроҳону ҷинояткорони ВМКБ ин ҳодисаро ба қавле “сабаб” дониста, назди ҳукумати ин вилоят гирдиҳамоӣ ташкил намуда, ҳатто чанд корманди ҳифзи ҳуқуқро шадидан захмӣ намуданд ва бо ин роҳ мехостанд амалҳои ношоистаи хешро ҷорӣ намоянд.

Эътирози ин гурӯҳ дар назди бинои ҳукумати вилоят чанд рӯз идома кард ва хушбахтона, маҳз дар натиҷаи гуфтушуниди мақомот бо намояндагони эътирозгарон он бартараф гардида, ҳама хона ба хона шуданд.

Аммо, бо гузашти 1 моҳ аз ин ҳодиса, пас аз таҳлил ва баррасии сабабҳои сар задани он метавон чунин хулоса кард, ки он маҳз дар пайи авбошии як идда ҷавонони ноогоҳ, пуштибонӣ намудани бархе сокинони ин вилоят аз ҷинояткорон, ба қонун итоат накардан ва гурехтан аз ҷавобгарӣ дар назди қонун, муносибати авбошона ба намояндаи прокурор ва бо ин роҳ пиёд сохтани ҳадафҳои нопоки афроди манфиатҷӯ сар зад.

Инчунин, душманони миллати тоҷик, ки дар кишварҳои хориҷ умр ба сар мебаранд, маҳз интизори чунин ҳодиса буданд ва мехостанд онро ҳамчун “сабаб” истифода намуда, дар назди созмону ташкилотҳои байналмилалӣ дар кишварҳои гуногуни олам гирдиҳамоӣ ташкил намоянд, ки ин амали онҳо албатта танҳо ва танҳо бар зарари миллати тоҷик дар тамоми ҷаҳон хоҳад буд. Яъне, мо набояд худро дар назди чашми оламиён тавре нишон бидиҳем, ки гӯё “ба ҳам чапем”. Яъне, ин амали онҳо хилофи истиқлолият ва дустиву иттиҳодии миллати тоҷик мебошад, ки ба шаъну шараф ва обруи миллат дар арсаи олам зарба мезанад.

Фурсатталабон аз ин ҳодиса “аз пашша фил сохтанд” ва тавре вонамуд карданд, ки гӯё, дар Тоҷикистон ҷан сар шуда бошад.

Албатта, душманони миллати тоҷик ҳеҷ гоҳ оромӣ ва осоиштагии ин давлат ва миллатро намехоҳанд ва ҳамеша мекушанд, ки бо иғвову дасисаҳои бардуруғи хеш номи миллати тоҷикро дар олам паст бизананд.

Мо-устодони Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов дасисаҳои душманони миллати тоҷикро қатъиян маҳкум менамоем ва бовар дорем, ки мардуми сарбаланди Тоҷикистон минбаъд дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушду пешрафти Ватани азизамон якдилона ва софдилона хизмат хоҳанд кард.

Устодони Донишкадаи тарбияи

ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов

 

 

Суроға: ш. Душанбе, махалаи Лучоб, 734053. Коркард: RP - Barnomasoz.tj - 2018